Дар канори Кохи раёсатҷумҳурии Миср тонкҳову зиреҳпӯшҳо мустақар шуданд. Дирӯз бар асари бархӯрди ҷонибдорон ва мухолифони раисиҷумҳур Муҳаммад Мурсӣ, бар пояи иттилои вазорати тандурустӣ, дасти кам панҷ нафар кушта шуда ва тақрибан 350 каси дигар ҷароҳат бардоштанд.
Мухолифини раисиҷумҳур алайҳи аз ваколатҳои бесобиқа бархурдор шудани ӯ эътироз мекунанд. Муҳаммад Мурсӣ ҳамчунин тарҳи Қонуни асосии Мисрро пазируфт, ки дар он ба гуфтаи мухолифин, аз ҳуқуқҳои занону аққалиятҳои миллӣ сарфи назар шудааст. Раисиҷумҳури ҳамчунин тасмим гирифт, ки рӯзи 15 декабр дар робита ба Қонуни асосӣ раъйпурсӣ баргузор шавад.
Тақрибан ду сол пеш дар Миср эътирозҳои густурда шурӯъ шуданд, ки дар пайи онҳо моҳи феврали соли 2011 раисиҷумҳур Ҳуснӣ Муборак маҷбур шуд то ба истеъфо равад.
Қарор аст, ки имрӯз Муҳаммад Мурсӣ аз тариқи телевизион ба мардуми кишвар муроҷиат кунад.