Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сенати Узбакистон лоиҳаи афвро тасдиқ кард


Сенати Узбакистон (маҷлиси болоии парламенти ин кишвар) лоиҳаи афвро, ки эҳтимолан рӯзи панҷшанбе ба ҳукми иҷро дарояд, тасдиқ кард. Афвро президенти Узбакистон Ислом Каримов пешниҳод кардааст. Бар пояи он афроде, ки ҷинояти сабук содир намудаву ба ҷомеа хатар надоранд, афв хоҳанд шуд. Ҳамчунон афв хориҷиён, занон ва афроди маҳкумшудаи аз 18-сола поён ва аз 60-сола болоро дар бар мегирад. Афв раҳоӣ ва ё кӯтоҳтар шудани муддати ҳабсро мадди назар дорад. То кунун маълум нест, ки шумораи афвшудагон чӣ қадар аст? Рӯзи чоршанбе сенатори узбак Светлана Ортиқова гуфт, ки афв ба муносибати 20-солагии қабули сарқонуни ин кишвар пешниҳод шудааст. Ӯ афзуд, ки афв дар давоми се моҳи оянда татбиқ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG