Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интернет дар Сурия дубора фаъол шудааст


Бино ба хабарҳо, дастрасӣ ба Интернет дар Димишқ баъди ду рӯз барқарор шудааст. Аммо ҳанӯз рӯшан нест, ки иртибот бо телефонҳои мобил низ эҳё шуда ё ҳанӯз на. Қатъ шудани шабакаҳои интернетиву телефонҳои мобил дар пасманзари даъвоҳое буд, ки мегуфтанд, давлат талош дорад, иртибобот миёни фаъолон ва чирикиҳои мухолифро қатъ кунад.
Бо ин ҳол, даргириҳо байни чирикиҳо ва нирӯҳои давлатӣ дар наздикии фурудгоҳи Димишқ боис шуд, ки чандин ширкати ҳавопаймоӣ парвозҳо ба пойтахти Сурияро қатъ кунад. Нирӯҳои давлатӣ имрӯз ба хотири дифоъ аз манотиқи даври фурудгоҳ маҳалли Басотинро тӯпборон карданд.
XS
SM
MD
LG