Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Хабарнигорони бидуни марз" басташавии сомонаи "Озодӣ"-ро маҳкум кард


Созмони “Хабарнигорони Бидуни марз” масдуд шудани сомонаи интернетии Радиои Озодӣ дар Тоҷикистонро маҳкум кард ва аз мақомоти Душанбе талаб намуд, ки сомонаи Озодӣ ва шабакаи иҷтимоии Фейсбукро оҷилан фаъол кунанд.

Ёҳан Биҳр, сарвари ин созмон гуфтааст, ки онҳо бо нигаронӣ афзоиши тамоюли масдуд карадани сомонаҳои мустақил мушоҳида мекунанд. “Ин сеюмин мавҷи бастани манобеъи муҳими хабарӣ дар соли равон аст, ки аввалӣ дар моҳи март, мавҷи дуввум - дар тобистони соли равон ва инак мавҷи сеюм бо масдуд кардани боз ҳам Фейсбук ва сомонаи радиои Озодӣ ҷараён гирифтааст“, гутфааст Ёҳан Биҳр.

Ӯ афзудааст, ки ин гуна рафтор на танҳо қобили қабул нест, балки эҳтимодро аз вазорати мухобирот коста мекунад, "зеро ин ниҳоди давлатӣ изҳороти зидунақиз пахш кардааст".

"Бидуни шубҳа, бо масдуд кардани сомонаи Озодӣ, Тоҷикистон ба рӯйхати кишварҳое шомил хоҳад шуд, ки интернетро цензура мекунанд. Дар мавридҳои гузашта сомонаҳое, ки баста шуда буданд, баъди чанде дубора фаъол шуданд ва мо умедворем, ки аз ин таҷриба дар робита ба Озодӣ низ кор гирифта мешавад", изҳор кардааст созмони “Хабарнигорони бидуни марз”.
XS
SM
MD
LG