Имрӯз боздиди Кэтрин Эштон-раиси сиёсати хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо аз Тоҷикистон оғоз меёбад. Тибқи барномаи боздид, интизор меравад, ки хонум Эштон бо Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон масъалаҳои марбут ба амнияти минтақа, ҳамкориҳои иқтисодӣ, аз ҷумла афзоиши кӯмакҳои Аврупо ба Тоҷикистонро баррасӣ кунад.
Тоҷикистон мехоҳад, сармояҳои кишварҳои аврупоиро ҳар чӣ бештар дар бахшҳои иқтисоди худ ҷалб кунад. Тарҳҳои энержӣ ва корхонаҳои саноати кӯҳӣ аз ҷумлаи онҳо ба шумор мераванд.
Кэтрин Эштон ҳамчунин ба нақша гирифтааст, ки бо раҳбарони аҳзоби сисёсӣ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрванлдӣ мулоқот анҷом диҳад.
Боздиди Эштон аз Тоҷикистон дар рӯзҳое анҷом мегирад, ки бо дастури ҳукумати ин кишвар дастрасӣ ба шабакаи иҷтимоии Facebook дар ин кишвар қатъ шудааст.