Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эълони аввалин натиҷаҳои интихоботи Амрико(Live)

Бо анҷоми раъйдиҳӣ дар бештари аёлатҳои Амрико, аввалин натиҷаҳои интихоботи президентии ИМА эълон мешаванд.

09:08 7.11.2012
Тибқи пешбиниҳо дар аёлати Каролинаи Шимолӣ, Айдаҳо, номзади ҷумҳурихоҳ Митт Ромнӣ пирӯз шуда, 191 овози интихобӣ ба даст овардааст. Президенти кунунии ИМА Барак Обама бошад, дар аёлатҳои Калифорния, Вашингтон ва Ҳавай дастболо шудааст. Ҳоло Обама 238 овози интихобӣ дар ихтиёр дорад. Барои пирӯзӣ дар интихоботи раисиҷумҳури ИМА барои номзад зарур аст, ки камаш 270 раъйи интихобиро соҳиб шавад.
08:56 7.11.2012
Тибқи иттилои пешакӣ дар интихоботи президентии ИМА номзади ҷумҳурихоҳ, Митт Ромнӣ бо 174 овоз аз раисиҷумҳури феълии ин кишвар Барак Обама, ки 173 раъйи интихобӣ дорад, пеш гузаштаст. Соати ҳашт ба вақти Душанбе овоздиҳӣ дар 43 аёлати ИМА ба поён расида, ҳисоби раъйҳо идома дорад. Барои пирӯзӣ дар интихоботи раисиҷумҳури ИМА номзад бояд камаш 270 раъйи интихобиро соҳиб шавад.
08:40 7.11.2012
Соати ҳашт бо вақти Душанбе интихоботи президентӣ дар 43 аёлати ИМА ба поён расид. Натиҷаи пешакии ғайрирасмӣ ё худ экзит пол дар як идда аёлатҳои ИМА эълон шуд. Шабакаҳои телевизионии ИМА пешбинӣ кардаанд, ки Барак Обама дар як идда аёлатҳои “калаванда” пирӯз шуда феълан 172 овоз ва ҳарифаш Митт Ромнӣ 161 раъйи интихобӣ ба даст овардаанд.
08:33 7.11.2012
Тибқи иттилои пешакӣ дар интихоботи президентии ИМА то ин дам Барак Обама бо 167 раъйи интихобӣ аз ҳарифаш Митт Ромнӣ, ки 161 овоз дорад, пешсаф мебошад. Овоздиҳӣ дар 39 аёлати ИМА ба охир расида, ҳисоби раъйҳо оғоз шудааст. Барои пирӯзӣ дар интихоботи раисиҷумҳури Амрико номзад бояд камаш 270 раъйи интихобӣ дар ихтиёр дошта бошад.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG