Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эълони аввалин натиҷаҳои интихоботи Амрико(Live)

Бо анҷоми раъйдиҳӣ дар бештари аёлатҳои Амрико, аввалин натиҷаҳои интихоботи президентии ИМА эълон мешаванд.

08:22 7.11.2012
Шабакаҳои телевизионии ИМА пешбинӣ мекунанд, ки ҳизби ҷумҳурихоҳ назорати Маҷлиси Намояндагон-маҷлиси поёнии Конргесси ИМА дар дасташ ҳифз хоҳад кард. Рӯзи сешанбе райъдиҳандагони амрикоӣ 435 узви Маҷлиси Намояндагонро интихоб карданд. Ҳамин тавр шабакаҳои телевизионӣ пешбинӣ мекунанд, ки Сенат-маҷлиси болоии Конгресси ИМА дар ихтиёри ҳизби демократ боқӣ мемонад. Рӯзи сешанбе раъйдиҳандагон 33 узви нави Сенатро, ки умуман аз 100 курсӣ иборат аст, интихоб карданд. Феълан 51 узви Сенат намояндаи ҳизби демократ мебошанд. Аз миёни 435 вакили Маҷлиси Намояндагон бошад, 242 нафар узви ҳизби ҷумҳурихоҳ мебошанд.
08:19 7.11.2012
Пешбинӣ мешавад, ки дар аёлатҳои Миннесота ва Ню Ҳемпшир низ президенти феълии ИМА, Барак Обама пирӯз хоҳад шуд. Ҳамин тавр то лаҳзаи кунунӣ Обама 167 овоз ва Митт Ромнӣ 158 раъйи интихобӣ дар ихтиёр доранд. Айни ҳол овоздиҳӣ дар 39 аёлати Амрико ба охири расида, ҳисоби раъйҳо оғоз шудаст.
08:12 7.11.2012
Бар пояи пешбиниҳо дар интихоботи Амрико то ин дам Барак Обама 157 раъйи интихобӣ ба даст оварда, аз Митт Ромнӣ, ки соҳиби 152 раъйи интихобӣ аст, пешсаф мебошад. Овоздиҳӣ ба раёсати Амрико дар 39 аёлат ба охир расида, ҳисоби раъйҳо оғоз шудааст. Тибқи натиҷаҳои пешакӣ Барак Обама дар аёлатҳои Иллинойс, Делавар, Массачусетс, Мериленд, Висконсин, шаҳри Вашингтон, ҳамчунон аёлатҳои Коннектикат, Вермонт, Мичиган, Ню Ҷерсӣ, Нюйорк ва Мейн пирӯз шуда, Ромнӣ дар аёлатҳои Индиана, Вирҷинияи ғарбӣ, Кентакӣ, Оклаҳома, Ҷорҷия ва Каролинаи ҷанубӣ, Тенессӣ, Миссисипӣ, Алабама, Тексас, Небраска, Вайоминг, Дакотаи шимолӣ, Дакотаи ҷанубӣ, Луизиана ва Канзас дастболо гардидааст. Барои пирӯзӣ дар интихоботи президентии ИМА номзад бояд камаш 270 раъйи интихобӣ дар ихтиёр дошта бошад.
07:46 7.11.2012
Тибқи натиҷаҳои пешакӣ Барак Обама баъди пирӯзӣ дар Висконсин, ки яке аз аёлатҳои «калаванда» маҳсуб меёфт, ниҳоят аз ҳарифаш Митт Ромнӣ пеш гузашт. Бар пояи пешбиниҳои шабакаҳои мухталифи телевизионӣ феълан Обама 153 раъйи интихобӣ ва Ромнӣ 152 раъйи интихобиро ба даст овардаанд. Барои пирӯзӣ дар интихобот номзад бояд камаш 270 раъйи интихобӣ дар ихтиёр дошта бошад.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG