Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муаллифи "Бегуноҳии мусалмонон" дастгир шуд


Муаллифи филми ҷанҷолбарангези “Бегуноҳии мусалмонон” боздошт шудааст.

Дар пайи ҳукми додгоҳе дар аёлати Калифорнияи Амрико, Басела Накула ба иттиҳоми нақзи қавонини озодии шартӣ аз зиндон, дастгир шуд.

Бинобар гузоришҳо, Накула Басела, ки дар соли 2011 аз зиндон ба таври шартӣ озод шуда буд, ҳаққи дастрасӣ ба интернет ё истифода аз номи мустаорро надошт ва бо таҳия ва интишори филми ҷанҷолбарангез ва тавҳин ба паёмбари ислом ҳазрати Муҳаммад, аз қонунҳои озодии шартӣ, сӯиистифода кардааст.

Накула, ки аз масеҳиёни Миср аст, ба ҷурми фасоди бонкӣ зиндонӣ буд ва пас аз озодӣ аз зиндон ҳангоме, ки ба унвони муаллифи филм “Бегуноҳии мусалмонон” муаррифӣ шуд, ба таври махфиёна зиндагӣ мекард.

Муаллифи "Бегуноҳии мусалмонон" дастгир шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:46 0:00


Филми “Бегуноҳии мусалмонон”, ки нигоҳи тамасхуромез ба зиндагии паёмбари ислом Муҳаммад(саллалоҳу алайҳи васалам) дорад, ҷанҷол ва нооромиҳои густурдае дар кишварҳои исломӣ дар пай дошт дар ҷараёни онҳо беш аз 20 нафар, аз ҷумла, сафири Амрико дар Либия кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG