Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ин “бархӯрди нафратҳо”-ст, на “бархӯрди фарҳангҳо”


Чарз Курзман, коршиноси варзидаи олами ислом
Чарз Курзман, коршиноси варзидаи олами ислом

Дар ҳоле ки эътирозҳои хушунатбор ба филми зиддиисломӣ идома доранд, шореҳон сабабҳои барангезандаи ин эътирозҳоро баррасӣ мекунанд.

Чарлз Курзман –яке аз коршиносони варзидаи олами ислом ва муаллифи китоби “Шаҳидони Гумном” мегӯяд, он як гӯруҳи хурди ифротгаро, намояндаи олами ислом буда наметавонад. Курзман ин бархӯрдҳоро на бархӯрди фарҳангҳо, балки бархӯрди нафратҳо унвон додааст.

Дар як сӯҳбат хабарнигори Радиои Озодӣ дар Вашингтон аз Курзман пурсид, ки оё эътироз бар зидди филми “Бегуноҳии мусулмонон эҳсосотӣ буд ва ё гурӯҳи ифротие мунтазири пайт буду филмро барои ҳамла баҳона кард?

Курзман: “Ман на дар бораи филмсозон ва на дар бораи эътирозгарон чизе ба ҳайси нафари огаҳ гуфта наметавонам, зеро аз дасти аввал ҳеҷ маълумот надорам. Аммо ба ҳайси як нафаре, ки аз берун ба ин ҳодиса менигарад, гуфтаниям, ки ба назарам ман ҳодисаҳое шабеҳеро борҳо мушоҳида кардаам. Як нафар як ҳарфи носазо мегӯяд ва ё кори ноҷо мекунаду дигарон худро зери ҳамла эҳсос намуда, эътироз ташкил мекунанд. Сипас ин эътироз ба хушунат мубаддал мешавад. Ин амал нафрату душмании ҳар ду ҷонибро афзоиш медиҳад. Ба фикрам мо маҷбур ҳастем, ки аз наву аз нав шоҳиди ҳамин саҳнаҳо шавем. Ҳарчанд ки мо мехоҳем аз ин ҳалқа берун шавем.”

Радиои Озодӣ: Шумо мегӯед, ки борҳо шоҳиди ҳодисаҳои ҳамсон шудаед, бигӯед, ки чаро мусулмонон ба ин содагӣ ба иғво дода мешаванд?

Курзман: “Ба фикрам дар ҳамаи кишварҳо гурӯҳҳое хурде вуҷуд доранд, ки барангехтани онҳо осон аст. Мо амалан, бо як гурӯҳи аҳмақе рӯ ба рӯ ҳастем, ки ҳар баҳонаро истифода бурда, мардумро бар зидди афроде, ки бад мебинанд, шӯр медиҳанд ва ин як мисоли дигари ҳамин бадбиниҳост. Ман гумон надорам, ки мусулмонон аз ҳар гурӯҳи дигар дида, эҳсоси бештар дошта бошанд. Ба фикрам дар ҳар кишвар гурӯҳи хурдеро метавон дид, ки ба ҳар гуна ҳамла эҳсос нишон дода, худро зери фишор мебинад. Шумораи ин эътирозгаронро бубинед, он хеле хурд аст. Дар миёни чандин миллион аҳолӣ онҳо ҳамагӣ чанд ҳазор ҳастанд. Дар муқоиса бо "Баҳори араб" ин эътироз хеле хурд аст, вале он дар расонаҳои байналмилалӣ пӯшиши ҳаматарафа ёфтааст ва ба назар мерасад, ки онро аз будаш бештар нишон медиҳанд.”

Радиои Озодӣ: Баъзеҳо мегӯянд, ин бархӯрди фарҳангҳо мебошад. Шумо дар ин бора чӣ мегӯед?

Курзман: “Не, ман ин бархӯрдро бархӯрди нафратҳо меномам. Аксари мардум ба ҳамдигар нафрат надоранд, вале гурӯҳҳои хурде дар ҳар ҷо ба ҳамдигар нафрат доранду онҳо дар маркази таваҷҷӯҳ қарор мегиранд. Медонед, эътироз ба тавҳин қонунӣ аст. Аксари кишварҳо ва аз ҷумла ИМА иҷозат медиҳанд, ки эътироз кунанд ва ҳатото парчамҳои давлатро сӯзонанд. Ин озодии баён аст. Бигзор ҳар гурӯҳ аз ҳаққи худ истифода бурда, бар зидди филм эътироз кунад. Аммо вақте ин эътироз ба хушунат табдил меёбаду аъмоли ҷиноӣ ба вуқӯъ мепайвандад, ман мухолифи он ҳастам. Ба фикрам чунин таваҷҷӯҳ ба филмсозон як тӯҳфа ба онҳо мебошад. Ҳамчунон филм як тӯҳфа ба ифротгароҳо аст ва ин аслан як тӯҳфа барои онҳо низ мебошад, ки дигарон ҳама дар байн мондаанд. Бадбахбатӣ ҳамин ҷост, ки аксари кулли мардум дар масъалаҳои мухталиф ихтилоф дошта бошад ҳам, ба якдигар нафрат надоранд. Биёед таваҷҷӯҳамонро ба ҳамдигарфаҳмии бештар ва ҷустуҷӯи роҳи ҳалҳои осоишта сарф кунем, на низоъ.”
XS
SM
MD
LG