Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳайати дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муайян шуд


Ҳайати дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар бозии дӯстона бо тими миллии Қатар муайян шуд.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон бар асоси тавофуқ бо Созмони футболи Қатар баргузории бозии дӯстона миёни тимҳои миллии ин ду кишвар рӯзи 6-уми сентябр дар шаҳри Мюнхени Олмон ба нақша гирифта шудааст.

Мунтахаби Тоҷикистонро ба ин бозии байналмилалии дӯстона мутахассиси сербиягӣ Никола Кавазович, иҷрокунандаи вазифаи сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон ва ҳамзамон сармураббии тими “Истиқлол”-и Душанбе, омода месозад.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 20 бозигар – 2 дарвозабон, 6 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагар дохил шуданд. Аз ҳама бештар аз тими «Истиқлол»-и Душанбе – 11 нафар, аз дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода 5 нафар, аз дастаҳои «Равшан»-и Кӯлоб, «Энергетик»-и Душанбе ва «Вахш»-и Қӯрғонтеппа якнафарӣ шомил гаштанд.

Ягона легионер ҳимоятгар Фарҳод Восиев аз бошгоҳи футболи «Шинник»-и Ярославли Русия мебошад.

Мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозии дӯстона бо тими милллии Қатар рӯзи 31-уми август дар Душанбе шурӯъ мекунад. Ҷамъомади таълимиву тамринӣ чаҳор рӯз, то рӯзи 3-юми сентябр идома хоҳад ёфт.

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозӣ бо тими миллии Қатар чунин хоҳад буд:

дарвозабонҳо: Алишер Тӯйчиев («Истиқлол»), Рустам Ризоев («Равшан»);

ҳимоятгарон: Соҳиб Саванқулов, Давронҷон Эргашев, Эраҷ Раҷабов (ҳарсе – «Истиқлол»), Сиёвуш Асроров («Вахш»), Фарҳод Восиев («Шинник», Русия), Алексей Неъматов («Регар-ТадАЗ»);

нимҳимоятгарон: Маҳмадалӣ Содиқов, Иброҳим Рабимов, Нуриддин Давронов, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Дилшод Восиев (ҳама – «Истиқлол»), Аҳтам Назаров («Энергетик»), Ҷамшед Исмоилов, Хуршед Маҳмудов (ҳарду – «Регар-ТадАЗ»);

ҳамлагарон: Комил Саидов, Аҳтам Ҳамроқулов (ҳарду – «Регар-ТадАЗ»), Фарҳод Тоҳиров («Истиқлол»).
XS
SM
MD
LG