Пайвандҳои дастрасӣ

Лондон-2012: Натоиҷи бозиҳои даври аввали сабқати футбол


Бозиҳои XXX тобистонаи олимпӣ дар Лондон бо сабқати футболбозон шурӯъ шуданд.

Нахуст дастаҳои мунтахаби занона дар даври аввали сабқати гурӯҳӣ ширкат карданд. Дар сабқати занон 12 даста дар се гурӯҳ рақобат дорад.

Натоиҷи бозиҳои даври аввал:

гурӯҳи «Е»
Бритониёи Кабир – Зеландияи Нав – 1:0
Камерун – Бразилия – 0:5

гурӯҳи «F»
Ҷопон – Канада – 2:1
Шветсия – Африқои Ҷанубӣ – 4:1

гурӯҳи «G»
ИМА – Фаронса – 4:2
Колумбия – Кореяи Шимолӣ – 0:2

Рӯзи 26-уми июл бозиҳои даври аввали сабқати дастаҳои мунтахаби мардона баргузор шуданд. Дар сабқати мардон 16 даста ба чаҳор гурӯҳ тақсим шудааст.

Натоиҷи бозиҳои даври аввал:

гурӯҳи “А”
Аморати Муттаҳидаи Араб – Уругвай – 1:2
Бритониёи Кабир – Сенегал - 1:1

гурӯҳи “В”
Мексика – Кореяи Ҷанубӣ – 0:0
Габон – Швейтсария – 1:1

гурӯҳи “С”
Беларус – Зеландияи Нав - 1:0
Бразилия – Миср – 3:2

гурӯҳи “D”
Гондурас – Марокаш – 2:2
Испания – Ҷопон – 0:1

Бозиҳои даври дувум миёни занон рӯзи 28-уми июл ва байни мардон 29-уми июл баргузор мешаванд.

Бар асоси дастури мусобиқот миёни мардону занон аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ меёбанд. Бозиҳои ниҳоии сабқати занон рӯзи 9-уми август ва сабқати мардон 11-уми август баргузор мешаванд.

Озодӣ дар Ютуб

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG