Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даври омӯзишии «Open Fun Football Schools» дар Норак анҷом шуд


Мактаби рушди футболи оммавӣ бо ташаббуси УЕФА ташкил шуд

Ин семинар, ки дар доираи лоиҳаи УЕФА (Созмони футболи Аврупо) оид ба рушди футболи оммавӣ чаҳор рӯз идома дошт, 31-уми июл ба анҷом расид. Дар семинар мураббиён аз Тоҷикистон ва Афғонистон ширкат карданд.

Семинар таҳти раҳбарии Андрес Ронилд аз Дания ва ҳамоҳангсози «Open Fun Football Schools» (OFFS) дар Гурҷистон Бадри Мачавариани доир шуд.

Ин семинарро Федератсияи футболи Тоҷикистон якҷоя бо Созмони байналмилалии лоиҳаи омезиши фарҳангҳо (CCPA) – ташкилоти ғайриҳукуматии гуманитарӣ, ки муассисони он вазоратҳои умури хориҷии Дания, Норвегия, Шветсия, Финляндия ва УЕФА мебошанд, баргузор карданд.

Валерий Турсунов, ноиби аввали раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон, зимни суханрониаш дар расми кушоиши семинар ба ширкаткунандагон барори кор ва муваффақият орзу кард.

Сипас Андерс Ронилд, зикр намуд, ки лоиҳаи «Open Fun Football Schools» аз ҷониби ҳукуматҳои кишварҳои скандинавӣ таҳти сарпарастии УЕФА маблағгузӣ карда мешавад. Вай афзуд, “ин лоиҳа аз соли 1998 дар кишварҳои Балкан, Паси Қафқоз, Шарқи Наздик, Молдова ва Украина амалӣ мешавад. Акнун ба ин кишварҳо Тоҷикистон ва Афғонистон пайвастанд. Мақсади «Open Fun Football Schools» барои ба мадди аввал баромадани ҷараёни бозӣ ва аз он қаноатманд шудан дар футболи кӯдакона кӯмак кардан аст, на барои натиҷа.”

«Ин лоиҳаи бузург, ман бовар дорам, минбаъд ҳам дар Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд, - мегӯяд Бадри Мачавариани, ҳамоҳангсози «Open Fun Football Schools» дар Гурҷистон. - Мактабҳои кушодаи дилхушии футбол – ин на тамрин, на тактика ва на стратегия футбол мебошад, ин силсилаи машқҳои дилхушӣ бо тӯб аст. Маҳз ба бозиҳои шавқовар такя карда мешавад, на ба натиҷа, ҳисоб ва баландашавии дараҷаи касбӣ», афзуд ӯ.

Бояд қайд кард, ки Созмони футболи Аврупо (УЕФА) «Open Fun Football Schools»-ро лоиҳаи сол дар футболи оммавӣ ном бурдааст.
XS
SM
MD
LG