Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ман, футбол, телевизор ва ...очаи бачаҳо


Ҳар касе, ки заррае ба футбол дилбастагӣ дорад, ин рӯзҳо кору бори дунёро як сӯ мегузорад ва рӯзона бо ҳамсояву шиносҳову ҳамкорон аз футбол баҳс карда, бегаҳ аз кор барвақттар сӯи хона... аниқтараш, сӯи телевизор мешитобад, то Худое накарда ягон лаҳза аз бозии навбатӣ бе ӯ нагузарад.

Чӣ лаҳзаи гуворост лаҳзае, ки ҳатто либосҳоро иваз накарда саросема косаи шӯрборо ба сар мекашед ва рӯи кӯрпача ғел зада чойники чойро пешатон мемонеду... “Тубро Ронадло мегирад ва аз тарафи чап ба дарвозаи ҳариф наздик мешавад... Зарба! Тӯб ба болочӯби дарвоза бармехӯрдад ва ба майдон бармегардад. Ҳамлаи дастаи Португалия идома дорад...”

Фақат чизе, ки ин лаҳза табъи маро хира месохт, ин очаи бачаҳо буд, ки аз ноилоҷӣ футбол тамошо мекард - аз рӯи эҳсос чизе гуфтанӣ мешавӣ ва аммо аз ҳузури ӯ истиҳола карда, ноилоҷ лаб мегазӣ... Ба болои ин, занак гоҳ-гоҳ ғур-ғур ҳам мекунад, ки дар фалон канал фалон сериал аст ва дар фалон канал - консерт... Ана, дар Эрон, дар тарабхонаҳо бозиҳои чемпионати Аврупоро якҷоя тамошо кардани мардҳову занҳо мамнӯъ шуд. Як раҳбари полис бо номи Баҳмани Коргар гуфтааст, ки вақти тамошои бозии футбол шояд аз даҳони мардҳо ҳақорат ё сухани беҷои дигар берун мешавад, ки занҳо аз шуниданаш шояд сурху сафед хоҳанд шуд... Яъне, ҳой хонум, сурху сафед шудан намехоҳӣ? Пас, чува мардҳо қатӣ футбол тамошо мекунӣ, рав, корҳои занакии худата кардан гир...

Аз ғур-ғури навбатии очаи бачаҳо тоқатам тоқ шуд ва ҳангоми танаффус гуфтам, ки “хонумҷон, мемонӣ футбола тамошо кунем ё не! Ё рав дам гир ё дамата гир! Ҳа, воқеъан, чанд ҳафта боз хонаи дадат нарафтаӣ-а!..”

“Меравам! Фардо меравам”-қатъӣ гуфт очаи бачаҳо ва рӯяшро тофта, майдонро... эээ, меҳмонхонаро тарк кард ва то тамом шудани бозӣ дар ошхона нишаст.

Фардо чун одат шитобон аз бозор ба пеши телевизор баргаштам ва дидам, ки на аз кӯрпача дарак асту на аз дастархон!

-Очатон канӣ,- пурсидам аз бачаҳо.

-Аз саҳар хонаи бобом рафт...-посух дод писари калонӣ.

-Чаро?

-О дина худатон гуфтед-ку, хонаи дадат рав!

-Ҳа, хуб...Шумо ягон чиз хӯрдед?

-Не-ку...

Ноилоҷ чашм аз бозӣ канда ба ошхона давидам. Дар яхдон ягон таоми тайёру нимтайёр набуд. Саросема ба дегча равғану чаҳор-панҷ тухмро андохтам, ки садои “гол-гол” баланд шуд. Дар курсии пеши дар пешпо хӯрда оринҷамро дар девор харошида, пеши телевизор расидам ва... ҳай, дареғ!.... Италия ба дастаи дӯстдоштаам Испания гол зада аст.. Такрори навори голро тамошо карда, саросема ба оринҷам йод молидам ва ба ошхона давида дидам, ки тухмҳо бирён не, супербирён шудаанд, яъне як-ду сонияи дигар дер мекардам, сип-сиёҳ мешуданд.

Дар танаффуси бозӣ писарҳоям тухмбирёнро, ки ба он ҳатто намак наандохта будаам, дилу бедилон тановул карданд ва шурӯи қисми дуюмро интизор нашуда ба хонаи хобашон рафтанд...

Саҳари барвақт ба очаи бачаҳо телефон кардам. Телефонро хушдоманам бардошт ва гуфт, ки “занат дина бегаҳ ҳамроҳи дугонааш Сабоҳат ба як деҳаи дараи Варзоб ба тӯй рафт ва фақат баъд аз ду рӯз бармегардад". Ва занак таъкид карда будааст, ки то тамом шудани бозиҳои чемпионати Аврупо пой ба остонаи хона намемонад...

О, бозӣ дигар хел шуд-ку! Очаи бачаҳо ба дарвозаи мо чӣ голе зад! Чӣ, акнун тайёр кардани наҳору таоми нимрӯзиву шом ва шустани либосҳои кӯдакон дар гардани ман бор шуд? Ва ин ҳам дар мавсими футбол-а! .. Чӣ кор кунам?.. Кошкӣ корам – боркашӣ дар бозори Шоҳмансур рухсатӣ дошта бошад... Ин эрониҳо ҳам аҷаб қарорҳое мебароранде... хайр, худатон гӯед, якҷоя бозии футбола тамошо кардани мардҳову занҳо чӣ айб дорад! ..
XS
SM
MD
LG