Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Сайр"-и машъали олимпӣ дар Бритониё оғоз ёфт


Рӯзи шанбе сафари ҳафтодрӯзаи машъали бозиҳои тобистонаи олимпии ҷаҳон аз Корнвол (Cornwall) оғоз шуд.

Ин машъал қабл аз бозиҳои олимпӣ дар саросари Бритониё байни варзишгарони номӣ даст ба даст меравад ва аз ҷойҳои таърихӣ мегузарад. Сипас, 27-уми июл, вориди Лондон мешавад ва дар маросиме бо он машъали бозиҳои нави олимпиро рӯшан мекунанд ва мусобиқот оғоз меёбад.

Нахустин варишгаре, ки ба бардоштани машъали бозиҳои олимпӣ оғоз кард, Бен Эйнслӣ, қаҳрамони секаратаи бозиҳои олимпӣ, буд. Ҳангоме Бен машъали олимпиро ба даст гирифт, эҳсосоташро ба телевизиони "Ройтерз" чунин иброз дошт: “Хеле ҳаяҷонангез аст. Барои ман, ки дар ин қимсати сайёра бузург шудаам, дар Корнвол, оғози сафари машъали олимпӣ аз ин макон дар ҳузури ҳамватанон лаҳзаи хеле гуворост. Хеле ҳаяҷоновар аст.”

Садҳо нафар ба Эйнслӣ нигоҳ мекарданд, ки ӯ чигуна бо ин машъал сафар ё дави нахустро оғоз мекунад. Онҳо шоҳид буданд, ки чӣ тарз созмондиҳандагони маросим машъалро ба Эйнслии қоиқрон месупоранд. Албатта, дар ин лаҳза садоҳои пуршӯри ҳозирон ба нишонаи истиқбол аз дарёфти машъал ба фазо печид.

Қоиқроне, ки дар пираҳани варзишиаш рақами 001 дида мешуд ва нахустин машъалбардор буд, машъалро ба Анастасия Своллови 18-сола супурд. Ба ин тартиб, машъалбардорон то расидан ба варзишгоҳи олимпии Лондон 13 ҳазор километр роҳро тай мекунанд. Дар бардоштани машъал 8 ҳазор нафар ширкат мекунанд ва он аз 1019 шаҳру шаҳрак ва деҳ, аз қабили маҳалли таърихие бо номи Стоунҳенг мегузарад.

Аз 3 то 7-уми июн машъал дар роҳи ҳаракат дар қаламрави Ирланди Шимолӣ низ мегардад. Ирланди Шимолӣ танҳо кишварест, ки дар берун аз Бритониё ҷой гирифтааст. Кӯҳансолтарин машъалбардор зани 100-сола хоҳад буд. Дар миёни онҳо қаҳрамонҳои пешин ва кунунии бозиҳои тобистонаи олимпӣ ва сарбозони маъюби ҷанги Афғонистон низ ҳастанд.

Машъал рӯзи шанбе аз Афина - пойтахти Юнон ба ҷанубтарин нуқтаи Бритониё расид. Онро шоми ҷумъа бо парвози махсусе ба пойгоҳи нерӯҳои дарёӣ дар Калдрос расонда ва сипас аз он ҷо бо киштӣ интиқол доданд. Чархболҳо аз ҳаво ин киштиро гусел мекарданд. Дар ҳавопаймое, ки машъалро аз Афина ба Калдрос овард, Анна -- ҳамсари шаҳзодаи Бритониё, Себастиан Ку -- раиси бозиҳои олимпӣ ва Борис Ҷонсон -- шаҳрдори Лондон нишаста буданд. Девид Бекхем -- бозигари пешини футболи Бритониё низ узви ин ҳайат буд.
XS
SM
MD
LG