Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози Бозиҳои зимистонаи осиёӣ дар Остона


31-уми январ дар пойтахти Қазоқистон - Остона расми ифтитоҳи ботантанаи Бозиҳои 7-уми зимистонаи осиёӣ баргузор шуд.

Дар ин маросим, ки дар варзишгоҳи “Остона-Арена” бо ҳузури 30 ҳазор тамошогар сурат гирифт, Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон, Роза Отунбоева, раисиҷумҳури Қирғизистон, Жак Рогге, президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ, шайх Аҳмад ал-Фаҳад ал-Сабоҳ, раиси Шӯрои олимпии Осиё ва дигар меҳмонони фахрии Бозиҳои VII зимистонаи осиёӣ ширкат доштанд.

Дар маросим ҳайатҳои варзишии 27 кишвари қора иштирок карданд.

Парчами давлатии Тоҷикистон дар дасти лижарон Алишер Қудратов буд. Дар ин бозиҳо, ки аз рӯи 11 намуд ҷараён дорад, варзишгарони тоҷик танҳо дар як намуд - лижаронии кӯҳӣ ҳунарнамоӣ хоҳанд кард. Лижарони дигари тоҷик Абдуғаффор Шарифов мебошад.

Ба ҳайати варзишии Тоҷикистон Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии кишвар ва Муҳаммадшоҳ Абдуллоев, корманди масъули ин кумита, шомиланд.

Намоиши театрикунонидашуда, ки хеле ҷолибу шавқангез буд, тамошогаронро мафтун сохт. Гимни Бозиҳои VII зимистонаи осиёӣ (муаллифи суруд Игор Крутой) дар иҷрои Роза Римбоева ва Ботирхон Шукенов, ҳунармандони маъруфи қазоқ, садо дод.

Сипас, парчами Бозиҳои осиёӣ барафрохта шуд ва оташи олимпӣ фурӯзон гардид. Имонгалӣ Тасмагамбетов, ҳокими шаҳри Остона, Аҳмад ал-Фаҳад ал-Сабоҳ, раиси Шурои олимпии Осиё, ва Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон, суханронӣ карданд.

Ҷаноби Назарбоев гуфт, ки Бозиҳо бузургтарин сабқати варзишгарони қорае хоҳад буд, ки нисфи аҳолии олам дар он ҷо ба сар мебаранд. Ҷаноби Назарбоев афзуд: “Варзиш сарҳад надорад, халқҳоро муттаҳид месозад. Имсол барои аввалин бор дар таърихи Бозиҳои зимистонаи осиёӣ, ки дар Қазоқистон баргузор шудаанд, шумораи кишварҳои ширкаткунанда ба 27 расид. Ҳудуди 1000 варзишгар барои дарёфти медалҳо дар 11 навъи варзиш мубориза хоҳанд бурд. Бо Бозиҳои зимистонаи осиёӣ мо чорабиниҳоро бахшида ба ҷашни 20-солагии Истиқлолияти Ватани худ оғоз мекунем. Ман орзу дорам, ки дар муборизаи мунсифона варзишгарони арзанда пирӯз шаванд. Бигузор, машъали муқаддаси Бозиҳои осиёӣ парчами дӯстии ҷовидона гардад”.

Бозиҳои зимистонаи Осиёӣ дар шаҳрҳои Остона ва Алматии Қазоқистон то 6 феврал баргузор мешаванд.

31-уми январ мусобиқот аз рӯи барномаи бозиҳо шурӯъ шуд. Олга Новикова, узви дастаи мунтахаби Қазоқистон, дар пойгаи кӯтоҳи лижаронӣ бо натиҷаи 13 дақиқаю 4,7 сония мақоми аввалро касб кард ва нахустин барандаи медали тиллои ин бозиҳо гардид.
XS
SM
MD
LG