Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамкории Кумитаи олимпӣ бо сафорати Бритониё


Мулоқоти масъулони Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва сафири Бритониёи Кабир дар Тоҷикистон Орд Смит.
Мулоқоти масъулони Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва сафири Бритониёи Кабир дар Тоҷикистон Орд Смит.

Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо Робин Орд Смит, сафири Бритониёи Кабир, мулоқот баргузор шуд.

Дар ин мулоқот масоили марбут ба Олимпиадаи тобистона дар Лондон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар ин нишаст гуфт, то ҳоло чаҳор варзишгари тоҷик соҳиби роххатҳои олимпӣ гардидаанд ва 3 нафари дигар дар ин бозиҳо бо имтиёз ширкат хоҳанд кард.

Ҷаноби Раҷабалиев изҳори умедворӣ кард, ки теъдоди дорандагони роҳхатҳои олимпӣ аз Тоҷикистон боз ҳам афзун хоҳад шуд.

Ҷаноби Смит, сафири Бритониёи Кабир, иброз дошт, ки «ҳамчун мизбони ин бозиҳо омода ҳастанд ҳамкориро бо Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон вусъат диҳанд ва барои омодагии хуби варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи Лондон-2012 мусоидат кунанд.”
XS
SM
MD
LG