Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нокомии ҳизбҳои Юнон дар ташкили ҳукумат


Нокомии гуфтушуниди ташкили ҳукумат ояндаи Юнонро дар минтақаи евро зери суол бурдааст.

Як ҳизби дар гузашта бетаъсири Юнон акнун калиди ояндаи ин кишварро дар даст дорад. Радикалҳои дастичапии СИРИЗА, ки дар интихоботи порлумонии 6-уми май ҷои дуюмро гирифт, аз ширкат дар гуфтушуниди ташкили ҳукумати нав саркашӣ карданд ва ояндаи Юнонро дар баробари бӯҳрони молиявӣ ва минтақаи евро ба номуайянӣ кашонданд.

Раҳбари ҳизби СИРИЗА, Алексис Тсипрас аз ташкили ҳукумати муштарак бо ҳизбҳои сотсиалистии ПАСОК ва “Демократияи Нав” сарпечӣ кард ва мегӯяд, намехоҳад, ҳизбаш шарики "ҷинояти ин аҳзоб" бошад. Манзури ӯ аз “ҷиноят” қарордоди Юнон бо Иттиҳоди Аврупо ва Сандуқи Байналмилалии Пул аст, ки барномаи сарфаҷӯии сахтеро дар Юнон ҷорӣ карданд ва ҳам иттиҳод хостори назорат бар харҷу дахли ин кишвар шудааст. Ҳизби Тсипрас бо танқиди ҳамин барнома раъйи интихобкунандагонро ба даст овард мегӯяд, ба тарафдорони худ “хиёнат нахоҳад кард”. ПАСОК ва “Демократияи Нав” ду ҳизбе ҳастанд, ки бист соли охир бо навбат ва гоҳе дар як эътилоф ба Юнон раҳбарӣ кардаанд.

Раисиҷумҳури Юнон, Каролос Папоулиас рӯзи якшанбе сарони ҳизбҳоеро, ки дар интихобот ҷойҳои аввалро гирифтаанд, гирди миз ҷамъ овард ва аз онҳо хост, дар якҷоягӣ ҳукумати навро ташкил диҳанд. Ин ҳамоиш ноком шуд ва СИРИЗ гуфтааст, дар ҷаласаи рӯзи душанбе дар ҳузури президент низ ширкат нахоҳад кард.

Таҳлилгарон бар инанд, ки шояд ҳизби хурдтари “Чапи Демократӣ” бо ду ҳизби дар гузашта ҳокими Юнон ба ташкили ҳукумати нав иқдом кунанд. Вале ин ҳизб гуфтааст, танҳо дар ҳоле вориди эътилоф мешавад, ки СИРИЗ низ ба он шомил бошад. Ҳамин тавр як доираи сарбастаи бӯҳрони сиёсӣ ба вуҷуд омадааст.

Евангелос Венизелос
Евангелос Венизелос
Сарвари ПАСОК, Евангелос Венизелос СИРИЗ-ро сабабгори нокомӣ дар ташкили ҳукумат номид ва гуфт, бо вуҷуди ин ба дарёфти мусолиҳа умедвор аст: "Ман ба мантиқ ва ватандӯстии ҳамаи шаҳрвандон ва ҳамаи раҳбарони сиёсӣ рӯ меорам. Ҳатто ҳоло, бо вуҷуди бунбаст дар музокирот бо президент, ман як хушбинии маҳдуде дорам, ки ҳукумат таъсис хоҳад ёфт. Мо аз талошҳои қонунии раисиҷумҳур ва ҳисси масъулиятшиносии ӯ пурра ҳимоят мекунем. Ин кишвар вақти бекора надорад. Гузашти вақт зидди ояндаи ҷавонон ва осеб ба синфи миёна аст.”

Раиси ҳизби “Демократияи Нав”, Антонис Самарас низ аз аҳзоби сиёсӣ хост, ба хотири манфиати имрӯза ва ояндаи Юнон бо ҳам ҳамкорӣ кунанд: "Мардуми Юнон ба мо танҳо паём надода, балки мандат низ дод. Мандати ҳам корӣ бо ҳама барои тағйири сиёсатҳо, вале боқӣ мондан дар минтақаи евро. Мандати ҳамкорӣ дар ташкили ҳукумати коро, дастикам то интихоботи Аврупо, ташкили давлате, ки болотар ва фаротар аз чеҳраҳои сиёсӣ бошад.”

Аммо ҳизби СИРИЗ-и Алексис Тсипрас на танҳо мухолифи тарҳи ёрии Иттиҳоди Аврупо ва Сандуқи Байналмилалии Пул аст, ки бино бар он Юнон бояд ба кам кардани музду нафақа ва ёрдампулиҳо идома диҳад ва дар иваз 310 миллиард евро кӯмак гирад. Ин кӯмак барои пӯшондани сарбахши қарзҳои бузурги Юнон сарнавиштсоз аст. Сарони Аврупо гуфтаанд, агар Юнон ҳамаи шартҳои созишро ба ҷо наорад, ин маблағро нахоҳад гирифт. Акнун иҷрои бархе аз ин шартҳо зери хатар аст.

Ҳизби СИРИЗА нақшаи дигаре низ дошта метавонад, ки омодагӣ ба интихоботи нав бошад. Агар аҳзоби сиёсӣ натавонанд, ки ҳукумати нав таъсис диҳанд, президент бояд интихоботи нав эълон кунад. Бино бар назарсанҷиҳо, дар чунин интихобот СИРИЗ метавонад, ҷои аввалро гирад. Вале ҳоло калиди дасти СИРИЗА ин калидест, ки ба рӯйи Юнон дари варшикастагӣ ва баромад аз минтақаи евроро боз хоҳад кард. Номуайянӣ дар Юнон ба ҳамаи минтақаи евро таъсир хоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG