Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Охирин рӯзи талошҳо барои сохтани эътилоф дар Юнон


Каролос Папоулиас
Каролос Папоулиас
12 май охирин рӯзи талошҳои раҳбарони сиёсии Юнон барои ташкили ҳукумати эътилофист. Раисиҷумҳур Каролос Папоулиас раҳбаронро ба музокирот даъват хоҳад кард, вале кадом пешрафте дар ин музокирот интизор намеравад. Раҳбари ҳизби сотсиалисти ПАСОК Эвангелос Венизелос рӯзи ҷумъа натавонист ба ташкили кобинаи эътилофӣ даст биёбад. Раҳбари тундравҳои гапгаро Алексис Тсипрас, ки мухолифи бастаи 130-миллиардевроии кумаки молӣ ба Юнон аст, эътилоф бо ПАСОК-ро радд кард. Агар музокироти рӯзи 12 май низ ноком шавад, Папоулиас маҷбур ба даъвати интихоботи нав хоҳад шуд. Натоиҷи интихоботи 6 майи Юнон боиси уфти саҳом ва қурби евро дар бозорҳо шуд. Интихоботи нави Юнон шояд дар миёнаи моҳи июн доир шавад. Бино ба назарсанҷиҳо, нирӯҳои чапгарои мухолифи барномаи кумак шонси бештари пирӯзӣ доранд.
XS
SM
MD
LG