Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нокомии Ҳизби Демократи Юнон дар ташкили ҳукумат


Антонис Самарас-раиси Ҳизби Нави Демократии Юнон натавонистааст ҳукумати нави эътилофӣ ташкил кунад. Ин ҳизб дар интихоботи порламонии рӯзи якшанбе бештари курсиҳои порламонро соҳиб шуд. Ба Самарас муяссар нашудааст, ҳизбҳоеро, ки мухолифи қарзҳои Иттиҳодияи Аврупо ва Сандуқи Байналмиллалии Пул ҳастанд, ба эътилоф ҷалб кунад.

Баъд аз чунин нокомии Самарас акнун ҳизби чапгарои “Сириза” дар талоши ташкили ҳукумати эътилофист. Ин ҳизб дар интихобот мақоми дуввумро гирифтааст. Имрӯз президент Каралос Папоулиас раҳбари ин ҳизб Алексиз Тсипрасро ба ҳузур мепазирад ва ба вай се рӯз мӯҳлат медиҳад, то ҳукумати эътилофӣ ташкил кунад.
XS
SM
MD
LG