Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳазорон сокини Арманистон дар маросиме аз куштори тақрибан якуним миллион арманӣ дар соли 1915 ёдоварӣ мекунанд.

Дар “Солрӯзи наслкушии арманиҳо” ба ёдбуди хотираи куштори тақрибан якуним миллион арманӣ дар соли 1915, маросиме дар Арманистон баргузор мешавад. Интизор меравад, ҳазорон нафар мардуми Арманистон барои ширкат дар ин маросим дар шаҳри Ереван ҷамъ оянд.

Мардуми Арманистон мегӯянд, рӯзи 24-уми апрели соли 1915 маъракаи ҳадафмандонаи маҳви зиёиёни арманӣ аз тарафи туркҳо шурӯъ шуд ва садҳо нафарро дар ин рӯз дар пойтахти Туркия ҷамъ оварда ва онҳоро бадарға карданд, ки аксарияти онҳо кушта шуданд.

Қатли арманиҳо моҳҳои баъдӣ идома кардааст. Баҳс сари масъалаи куштори дастаҷамъӣ миёни Арманистону Туркия, ки марзи 330 километрии муштарак доранд, монеи таъсиси равобити дипломатӣ миёни ду кишвар шудааст. Туркия мегӯяд, дар ҷараёни бебандубориҳои он даврон ҳарду тараф чунин ҷиноят кардаанд.

Арманиҳо мегӯянд, дар давраи ҳукмронии туркҳои усмонӣ дар соли 1915 дар як маъракаи барномарезишудаи куштор 1,5 миллион арманиҳо қатли ом шудаанд.

Туркҳо қабул доранд, ки шумораи зиёди арманиҳо кушта шудаанд, вале онро қатли ом намедонанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG