Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Қатли оми арманиҳо" ИМА ва Туркияро ба ҳам мешӯронад


Ёдоварӣ аз куштори арманиҳо дар Ереван
Ёдоварӣ аз куштори арманиҳо дар Ереван

Як кумитаи Конгресси Амрико қатъномаеро ба тасвиб расонд, ки тибқи он куштори арманиҳо дар давраи туркҳои усмонӣ "қатли ом" шинохта мешавад.

Ин қатънома бар хилофи майли давлати Барак Обама, раисҷумҳури Амрико пазируфта шуд.

Туркия ба унвони кишвари муттаҳиди паймони НАТО барои дифоъ аз манофеи Амрико дар Ховари Миёна ва Афғонистон кишвари муҳим ба шумор меравад.

Кумитаи умури хориҷаи Конгресси Амрико бо 23 райъи ҷонибдор ва 22 райъи мухолиф ин қатъномаро ба тасвиб расонд. Акнун ин қатънома ба райъдиҳии умумӣ фиристода мешавад ва сарнавишти он рӯшан нест.

Баъд аз чанд дақиқаи райъдиҳӣ Туркия сафири худро аз Вашингтон фаро хонд. Туркия борҳо ҳушдор дода буд, ки агар қатънома ба тасвиб расад, ҳамкориҳои дуҷонибаи Туркияву Амрикоро дар хатар гузошта, раванди гуфтушунидҳои Туркия ва Арманистонро монеъ мешавад. Ҳадаф аз ин гуфтушунидҳо бозшавии гузаргоҳҳои марзӣ миёни ду кишвар аст.

Қабл аз райъдиҳӣ вазири корҳои хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон низ ба раиси кумита Ҳовард Берман гуфт, қабули қатънома ба идомаи раванди беҳбуди равобит миёни Туркияву Арманистон халалдор мешавад. Дар ҳамин ҳол, як рӯз қабл раисҷумҳури Амрико Барак Обама ба ҳамтои туркаш Абдулло Гул занг зада, барои беҳбуди равобиташ бо Арманистон ва имзои созишнома ситоиш карда буд.

Ҷомеъаи арманиҳои Амрико чандин даҳсола боз талош дорад, то Конгресс куштори арманиҳоро аз ҷониби туркҳо ҳамчун “қатли ом” эътироф кунад.

Соли 2007 кумитаи умури хориҷаи Конгресс қатъномаи ҳамсон дар бораи “қатли оми” арманиҳоро ба тасвиб расонда буд, аммо баъд аз фишори шадиди президенти вақт Ҷорҷ Буш ин санад ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод нашуд. Он замон ҳам баъд аз овоздиҳӣ дар кумита Туркия сафирашро аз Амрико фаро хонда буд ва хатар вуҷуд дошт, ки Туркия дастрасии низомиёни амрикоиро ба пойгоҳи неруҳои ҳавоиаш дар наздикии марзи Ироқ манъ мекунад.
XS
SM
MD
LG