Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порлумони Шветсия "қатли оми" арманиҳоро эътироф кард


Баъд аз тасвиби ин санад вазорати хориҷаи Туркия сафири Шветсия дар Анкараро ба вазорат даъват кард ва эътирози расмии Туркияро ба сафир супурд.

4-ӯми март баъд аз тасвиби чунин санад дар Кумитаи равобити хориҷаи Конграи Амрико Туркия ба нишонаи эътирроз сафири худро аз Вошигтон фаро хонда буд.

Баъд аз ин тасмими порлумони Шветсия нахуствазири Туркия боздидаш аз Шведсияро лағв кардааст.

Бо вуҷуди мухолифати ҳукумати Шветсия ба ин тасмим, порламон бо бартарии хеле ками оро ин тасмимро пазируфт. Баъд аз пазируфтани чунин тасмим, Туркия билофосила сафирашро аз Стокҳолм фаро хонд ва гуфт, ки ин тасмим "ҳисобу китобҳои сиёсӣ" дорад.

Анкара ҳамчунин эълон кард, ки боздиди ҳафтаи ояндаи Реҷеп Тайип Эрдуғон, нахуствазири Туркия аз кишварҳои скондинавӣ лағв мешавад. 4-уми марти соли ҷорӣ Туркия сафири худро аз Амрико низ фаро хонда буд ва сабаби он ҳам ҳамин гуна эътироф шудани "қатли ом"-и арманиҳо мебошад. Хонум Зергун Қаротурк, сафири Туркия дар Шветсия раъйи порлумони Шветсияро "мояи таассуф" хонд.

Ӯ гуфт: "Ин хеле дилсардкунанда аст. Муттаассифона намояндагони порламон ба назарам фикр каданд, ки таърихшиносанд, на намояндаи порламон. Ин хеле ва хеле мояи таассуф аст. Ин метавонад ба муносиботи мо асари қаввӣ гузорад ва ман фикр намекунам, ки он дар ояндаи наздик ҷуброн шуда тавонад".

Арманиҳо мегӯянд, ки дар давраи ҳукмронии туркҳои усмонӣ дар соли 1915 дар як маъракаи барномарезишудаи куштор 1,5 миллион арманиҳо қатли ом шудаанд. Туркҳо қабул доранд, ки шумораи зиёди арманиҳо кушта шудаанд, вале онро мисли Русияву Фаронса, Шветсария ва кишварҳои дигар қатли ом намедонанд. Вале райи рӯзи панҷшанбеи порлмони Шведсия мисли "теғи бурро" буд. Ин қатънома бо бартарии танҳо як рай пазируфта шуд.

Густав Бликс-намояндаи муҳофизакори порламони шветсия мегӯяд: "Ин тасмиме набуд, ки бояд намояндагони порламон ба тасвиб мерасонданд. ин кори таърихшиносон аст, на кори сиёсатмадорон, ки дар бораи он тасмим бигиранд".

Карл Билдт, вазири корҳои хориҷаи Шветсия низ аз ин райи порламон хушнуд нест: "Ман хеле нигаронам, аз оқибатҳои он нигаронам. Ман аз Туркия гузорише дарёфт кардам, ки ҳоло мухолифон мехоҳанд, ки беҳбуди равобити Туркияву Арманистон боздошта шавад. Ман фикр мекунам, ки сиёсӣ кардани таърих мусолеҳаро душвортар мекунад".

Анкара ҳам ҳамин нуктаро ҳушдор додааст. Суат Киниклиуғлу-муовни раиси Ҳизби Адолат ва тараққиёти Туркия гуфтааст, чунин қатъномаҳо, ба вижа қатъномаи Амрико оштӣ додани Туркияву Арманистонро "душвортар" кардааст.
XS
SM
MD
LG