18 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар шифохонаи бемориҳои сили шаҳри Красногорски Русия муолиҷа мегиранд, хостори кӯмак барои интиқоли онҳо ба Тоҷикистон ҳастанд.
3 нафари онҳо занон будаанд. Дар бораи ин маризон 5 донишҷӯи тоҷики Донишгоҳи тиббии Маскав, ки барои таҷрибаомӯзӣ ба бемористони ин шаҳр омадаанд, ба радиои Озодӣ телефонӣ хабар доданд.
Яке аз онҳо бо номи Шӯҳрат ба Радиои Озодӣ гуфт, беморон сокинони ноҳияҳои Ваҳдату Кӯлоб ва Панҷакентанд, ки дар зерзаминиҳо зиста, аз хунукӣ ба маризии сил гирифтор шудаанд. Ба гуфтаи Шӯҳрат, беморон барои муолиҷа пул надоранд ва онҳоро он гуна, ки зарур аст, нигоҳубину муолиҷа намекунанд ва бемориашон ба марҳалаи ниҳоӣ расидааст. Ба қавли вай, маризон барои бозгашт ба ватан маблағ ва ҳатто телефони ҳамроҳ надоранд.
Шӯҳрат мегӯяд, ин панҷ донишҷӯ аз ҳисоби музди донишҷӯии худ ҳудуди 100 ҳазор рубли русӣ ҷамъ овардаанд. Онҳо ҳамчунин ба сафорати Тоҷикистон дар Русия барои кӯмак ба ин беморон муроҷиа кардаанд.