Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Режими Сурия оташбасро риоят накард


Оташбаси шикананда дар Сурия дар оғози вуруди нозирони СММ ба ин кишвар нақз шудааст. Нируҳои вафодор ба президент Башор Асад рӯзи душанбе ҳамла ба шаҳри Ҳумсро идома доданд. Аз тонкҳо ва аслиҳаи дигар ба маҳаллоте, ки дар ихтиёри нируҳои мухолифон аст, тирандозӣ сурат гирифт. Фаъолон мегӯянд, дар ин тирандозиҳо дастикам ду нафар кушта шудаанд. Башор Асад рӯзи панҷшанбе қавл дод, ки муқаррароти оташбасро риоят мекунад ва ба хушунатҳои 13 моҳи гузашта хотима медиҳад, вале ирандозиҳо иҷрои нақшаҳои оташбасро зери суол бурдааст. Тибқи ин нақшаҳо Асад бояд роҷеъ ба ояндаи сиёсии Сурия ба музокира биншинад. Ҳоло 6 нафар аз нозирони СММ дар Сурия қарор доранд ва интизор меравад, ки онҳо то поёни ҳафта ҳам бо мақомоти расмии режим ва ҳам бо намояндагони мухолифон мулоқот кунанд.
XS
SM
MD
LG