Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як афсари нерӯҳои марзбонӣ ғарқ шудааст


Як афсари Раёсати марзбонии Тоҷикистон, дар дарё ғарқ шудааст. Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯи ин ниҳод ба Радиои Озодӣ гуфт, Шаҳбоз Аҳмадов, лейтенанти калони нерӯҳои марзбонӣ, 19-уми марти соли 2012 дар маҳалли Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ ғайб задааст. Ба қавли шоҳидон, ин афсар бо ҳамроҳии ҳамхизматонаш ба шикори мурғобӣ рафта, дар дарё ғарқ шудааст. Аз рӯи як фарзия, Шаҳбоз Аҳмадов мехост мурғобии ҳангоми шикор захмхӯрдаро аз дарё барорад, аммо худ ба дарё меравад. Шаҳбоз Аҳмадови 26 - сола зодаи деҳаи Ёрии ноҳияи Панҷакент буда, дастпарвари Донишгоҳи олии сарҳадоти шаҳри Душанбе аст. Хушнуд Раҳматуллоев гуфт, то ба ҳол ҷустӯҷӯи афсар таҳти назорати мустақими Шералӣ Мирзоев, сарвари Раёсати марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон идома дорад.
XS
SM
MD
LG