Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нозирони СММ ба Сурия эъзом хоҳанд шуд


Шӯрои Амнияти СММ рӯзи шанбе бо иттифоқи оро ба қатъномае раъй дод, ки истиқрори гурӯҳи аввали нозирони низомии СММ ба хотири назорати оташбаси байни нирӯҳои давлатӣ ва чирикиҳои Сурияро иҷозат медиҳад. Тибқи қатъномаи Шӯрои Амният, дар марҳалаи аввал эъзоми 30 нозири ғайримусаллаҳ дар назар аст, ки то чанд рӯзи дигар ба Сурия хоҳанд рафт. Дар маҷмӯъ, қарор аст, то 200 нозир ба Сурия эъзом шаванд. Оташбас дар он кишвари арабӣ тибқи тарҳи фиристодаи СММ ва Лигаи Араб дар Сурия Куфӣ Аннон ба хотири хатми хунрезиҳое, ки мунҷар ба ҳалокати беш аз 9000 нафар шуд, аз рӯзи панҷшанбе ҷорӣ шудааст. Сафири Амрико Сюзан Райс гуфт, агар Сурия ба хушунатҳо поён надиҳад, Шӯрои Амният ба “иқдомоти амиқтар” хоҳад андешид.
XS
SM
MD
LG