Миёнравҳои байналмиллалӣ дар Вошингтон бо ҳам мулоқот карданд, то раванди сулҳи миёни Фаластину Исроилро баррасӣ кунанд. Чаҳоргонаи Иттиҳодияи Аврупо, Русия, СММ ва Амрико аз Исроилу Фаластин дархост кардааст, ки то поёни соли 2012 ба тавофуқоти сулҳ даст ёбанд. Ин чаҳоргона ҳамчунин аз Исроил интиқод кард, ки аз сохтмони маҳаллоти аҳолинишин даст накашидааст. Аз кишварҳои кӯмакрасон тақозо шудааст, кӯмакҳои қавлдодаи худ ба Фаластинро аз ёд набаранд. Дар поёни моҳи апрел мулоқоти нахуствазирони Исроил ва Фаластин дар назар аст.