Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сабукиҳо барои сармоягузорони хориҷӣ дар Узбакистон


Ислом Каримов
Ислом Каримов
Ислом Каримов-раиси ҷумҳури Узбакистон рӯзи чаҳоршанбе фармоне содир кард. Дар ин фармон ба сармоягузорони хориҷӣ баъзе гузаштҳо пешбинӣ шудааст. Бар асоси ин фармон ҳамчунин мудохилаи ҳукумат ба ширкатҳои хориҷӣ камтар хоҳад шуд. Дар фармон ҳамчунин омадааст, ширкатҳои хориҷие, ки ба арзиши бештар аз 5 миллион доллар дар Узбакистон сармоя гузоштаанд, дар давоми 10 сол тибқи ҳамин фармон фаъолияти худро пеш мебаранд ва агар дар қонунҳои андозситонӣ тағирот пеш ояд ин тағирот ба онҳо дахл нахоҳад дошт.

Дар фармони мазкур ҳамчунин ба кормандони расмии адлия машварат дода шудааст, ки ожонсиҳо ва ниҳодҳои интизомӣ дар фаъолияти ширкатҳои хориҷӣ маҳдудият пеш наоранд. Ислом Каримов дар фармони худ гуфтааст, бӯҳрони саросарии молӣ Узбакистонро водор сохтааст, ки роҳҳои нави пешрафти иқтисоди худро ҷустуҷӯ кунад. Дар гузашта моҷароҳое бархоста буд, ки гӯё Узбакистон дороиҳои ширкатҳои муштарак бо хориҷиёнро моли худ кардааст. Ин моҷароҳо эътибори Узбакистонро дар миёни сармоягузорони хориҷӣ поин бурда буд.
XS
SM
MD
LG