Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Индонезия ва Ҳинд аз тсунамӣ ҳушдор медиҳанд


Индонезия дар пайи як заминларзаи 8,7-баллӣ аз таҳдиди тсунамӣ дар саросари минтақаи уқёнуси Ҳинд ҳушдор дод. Ин зилзила дар соҳилҳои вилояти Ачеҳ дар зери баҳр рух додааст. Бино ба хабарҳо, шиддати зилзила то ба Сингапуру Таиланд ва Малайзияву Ҳинд расидааст. Ҳинд низ аз тсунамӣ ҳушдор дод. Соли 2004 бар асари тсунамӣ дар Ачеҳ 170 000 нафар ҳалок шуд. Ҷамъи қурбониёни он офат 230 000 нафар ҳисоб мешавад.
XS
SM
MD
LG