Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Рақс бар зидди нашъамандӣ" дар театри Маяковский


«Рақс алайҳи нашъамандӣ». Таҳти ин унвон дар театри В. Маяковскийи шаҳри Душанбе рӯзи якшанбе,и 8 апрел ҷашнвораи шогирдони макотиби пойтахт баргузор хоҳад шуд. Ин ҷашнвора бо ибтикори созмони ҷамъиятии «Даст ба даст» ва бо кӯмаки молии шӯъбаи назорат бар маводди мухаддир ва ҳифзи тартиботи сафорати Амрико дар Тоҷикистон сурат мегирад.

Наргис Қосимова-масъули созмони ҷамъиятии «Даст ба даст» рӯзи ҷумъаи 6 апрел ба радиои Озодӣ гуфт, ки ҳадаф аз анҷоми ин барномаи фарҳангӣ тавассути рақс пешгирӣ кардани ҷавонон аз гирифторӣ ба нашъамандӣ ва ҳамин тавр дур нигоҳ доштани онҳо аз маводи мухаддир аст. Хонум Қосимова гуфт, ки аз миёни хонандаҳои синфҳои 7-11-шаш мактаби пойтахт бист нафарӣ ба ин барнома ҷалб шудаанд ва се моҳ ба онҳо рақсҳои гуногунро омӯзондаанд. Ба гуфтаи ҳамин манбаъ, дар рӯзи якшанбеи 8 апрел дар театри Маяковскийи пойтахт 120 нафар хонандаҳои макотиб дар назди тамошобинони рақс хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG