Дар набардҳои дирӯза дар шаҳрҳои Гилгит ва Чилас дар шимоли Покистон дастикам 10 нафар кушта ва 40 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Хушунатҳо дар пайи болои як раҳпаймоӣ дар Гилгит ҳаво додани як норинҷак оғоз ёфт. Ин раҳпаймоии бидуни иҷозат алорағми қуюди шабгардие доир шуд, ки дар пайи ихтилофоти мазҳабӣ байни шиъаҳову сунниҳо ҷорӣ шудааст.