Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

К.Аннон ба Шӯрои Амният гузориш медиҳад


Фиристодаи СММ ва Лигаи Араб дар Сурия Куфӣ Аннон имрӯз ба Шӯрои Амният дар бораи иқдомоти Димишқ дар роҳи иҷрои тарҳи сулҳ гузориш хоҳад дод. Димишқ тарҳи Аннонро, ки оташбас, хуруҷи нирӯҳо аз шаҳрҳо ва дастрасии ёриҳои башариро дар бар мегирад, пазируфт, вале то ҳол ба иҷрояш иқдом накардааст. Дирӯз анҷумани “Дӯстони Сурия” дар Истамбул аз Аннон хост, то “ҷадвали замонӣ”-и гомҳои баъдии режими Башор Асадро таҳия кунад. Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон гуфт, Вошингтон ба хотири тамос бо ҷаҳони беруна ва пешгирӣ аз ҳамалоти нирӯҳои давлатӣ мухолифини Асадро бо васоили мухобира таъмин хоҳад кард. Дирӯз намояндагони беш аз 80 кишвар дар анҷумани Истамбул Шӯрои миллии мухолифини Сурияро ҳамчун намояндаи машрӯъи тамоми мардуми Сурия эътироф карданд.
XS
SM
MD
LG