Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама: Бозори ҷаҳонӣ таҳримҳои зидди Эронро мебардорад


Раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама баъд аз рӯшан кардани он ки нафти хом дар бозори ҷаҳонӣ кофӣ хоҳад буд ва ба шарикони Амрико осеб нахоҳад расонд, дар пайи татбиқи таҳримҳои зидди Эрон шудааст. Акнун Иёлоти Муттаҳида бонкҳои хориҷиро, ки дар пардохти пули нафти Эрон саҳиманд, ба хотири муҳосираи бештари бонки марказии Эрон ҳадафи таҳрим қарор хоҳад дод. Ин бонк миёнарави фурӯши тақрибан ҳамаи нафти Эрон аст. Ҷазое, ки Конгресси Амрико ба он дастур додааст ва посух ба гумонҳои талоши бунёди силоҳи ҳастаӣ дар Эрон аст, охири моҳи июн шурӯъ хоҳад шуд. Таҳрими хариди нафти Эрон аз тарафи Иттиҳоди Аврупо дар моҳи июл оғоз меёбад. Пештар Вазорати умури хориҷии Амрико 10 кишвари ин иттиҳод ва Ҷопонро, бино ба коҳиши хариди нафти Эрон аз тарафи онҳо, аз тарҳим озод кард.
XS
SM
MD
LG