Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гӯри волидони Ҳитлерро вайрон карданд


Як рӯҳонии шаҳри Леондинги Австрия мегӯяд, гӯри волидони Адолф Ҳитлер дар ин шаҳрро вайрон кардаанд, зеро он ба маҳалли ҳамоиши фашистони нав ва миллатгароёни тундрав табдил ёфта буд. Курт Питерршатшер рӯзи панҷшанбе гуфт, як пиразани хеши дури Адолф Ҳитлер, ки гӯри падару модари ӯ Алоис ва Клараро нигоҳубин мекард, гуфтааст, ки аз ин кор даст мекашад, зеро гӯр ба маҳалли зиёрати тарафдорони фашистҳо табдил шудааст. Баъди ин масъаларо бо калисои шаҳр дар миён гузоштаанд ва санги бузурги рӯи гӯрро аз онҷо бардоштаанд. Аммо устухонҳои волидони Ҳитлер дар дохили гӯр мондааст.
XS
SM
MD
LG