Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбарони BRICS дар Ҳиндустон мулоқот карданд


Раҳбарони BRICS дар Ҳиндустон
Раҳбарони BRICS дар Ҳиндустон
Раҳбарони Бразилияву Русия, Ҳиндустону Чин ва Африқои Ҷанубӣ ё BRICS дар Ҳиндустон мулоқот карданд. Ин мулоқот бо номи “Ҷаҳони рушдёбанда” баргузор шуд. Дар сархати мулоқоти рӯзи панҷшанбе масъалаҳое аз қабили ташкили бонкҳои муштарак, ҷустуҷӯи роҳҳои ба ҳам наздик овардани бозори табодули пул, баррасии вазъ дар Ховари Миёна ва воридоти нафти Эрон қарор дорад. Фернандо Пиментел-вазири тиҷорати Бразилия ҳафтаи гузашта гуфта буд, ки ин 5 кишвар дар поёни мулоқоти худ дар бораи ташкили бонки муштараки рушд қарордод имзо мекунанд. Вазирони тиҷорати Чину Ҳиндустон , яъне бузургтарин муштариёни нафти Эрон рӯзи чаҳоршанбе изҳор доштанд, ки бо вуҷуди фишори Вошингтон ба Эрон онҳо ҳамкориҳои иқтисодии худро бо Эрон нигоҳ медоранд.
XS
SM
MD
LG