Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 34 нафар дар ҷангҳои зидди ал-Қоида дар Яман


Мақомоти Яман мегӯянд, дар ҳамлаи муштараки нерӯҳои давлат ва Иёлоти Муттаҳида ба пойгоҳи ҷангҷӯёне дар наздикии Зинҷибар, ки ба ал-Қоида рабт дода мешаванд, ба камияш 29 нафар кушта шудаанд. Шабакаи телевизионии Ал-Арабия хабар додааст, ки дар задухӯрди дигар дар вилояти ҷанубушарқии Ҳадрамавти Яман нерӯҳои давлат панҷ ситезаҷӯи исломиро куштаанд. Дар ин байн шӯъбаи ямании ал-Қоида гуфтааст, Ҷоел Шрум, як омӯзгори амрикоиро барои таблиғи насроният ба қатл расондааст.
XS
SM
MD
LG