Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Овозхони озар барои суруде зидди президент зиндонӣ шуд


Додгоҳи шаҳри Боку ҳукми ситораи мусиқии попи Озарбойҷон ва ду узви дастаи “Булистон”-и ӯро бетағйир боқӣ гузошт. Камол Алӣ 17-уми март барои суруде боздошт шуд, ки гуфта мешавад, дар он модари марҳуми раисиҷумҳур Илҳом Алиев таҳқир шудааст. Ташкилкунандаи консерт Эътибор Салмонлӣ ва навозанда Нотиқ Комилов низ дар маҳбас ба сар мебаранд. Алӣ дар ҷаласаи додгоҳ гуфт, дар боздоштгоҳ ҳадафи латукӯб қарор гирифтааст. Боздоштшудагони дигар низ гуфтаанд, ки дер зери шиканҷа ба иқрорномаҳо имзо кардаанд.
XS
SM
MD
LG