Ба гуфтаи дипломатҳо, Шӯрои Амнияти СММ бар сари қатъномае, ки аз талошҳои фиристодаи СММ ва Лигаи Араб Куфӣ Аннон барои хатми хушунатҳо дар Сурия ҳимоят мекунад, тавофуқ кардаанд. Ин Шӯро ҳушдор додааст, ки агар Сурия тарҳи иборат аз 6 банди Аннонро иҷро накунад, ба “иқдомоти бештар” рӯбарӯ хоҳад шуд. Тарҳи мазкур аз ҷумла оташбаси билофосила, шурӯъи муколама байни режими Башор Асад ва мухолифин ва дастрасии номаҳдуди гурӯҳҳои имдодиро дар бар мегирад. Манобеъи ғарбӣ мегӯянд, лаҳни қатъномаро ба хотири ахзи ҳимояти Русия, ки ҳамроҳ бо Чин ба ду қатъномаи қаблӣ вето гузошта буд, сабуктар кардаанд. Маскав гуфт, барои ҳимоят аз қатъномаи ҷадид омода ҳаст, вале ягон навъ зарбулаҷал ба муттаҳидаш –Асадро қабул надорад. СММ мегӯяд, тайи як соли ошӯбҳои Сурия беш аз 8000 нафар кушта шудаанд.