Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷ.Аллен: Нирӯҳои тибқи ҷадвал хориҷ хоҳанд шуд


Ҷон Аллен
Фармондеҳи аршади нирӯҳои Амрико дар Афғонистон генерал Ҷон Аллен гуфт, хуруҷи нирӯҳои амрикоӣ тибқи нақша то поёни соли 2014 такмил хоҳад шуд. Аллен ба Кумитаи хадамоти мусаллаҳи Маҷлиси намояндагон гуфт, бо вуҷуди ду моҷарои ахир – қатли 16 афғон бо дасти як сарбози Амрико ва сӯзондани китобҳои «Қуръон» - нирӯҳои эътилоф ба таҳвили масъулият ба нирӯҳои афғон идома хоҳанд дод. Генерал афзуда, танҳо дар соли ҷорӣ бар асари ҳамалоти сарбозони амниятии афғон 13 сарбози НАТО ҷон бохтаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG