Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Миср бародари ал-Завоҳириро “сафед” кард


Бино бар хабарҳо додгоҳи ҳарбии Миср бародари раҳбари ал-Қоида Аймон ал-Завоҳириро, ки 14 сол пеш ба терроризм айбдор ва ба қатл маҳкум шуда буд, “сафед” кард. Муҳаммад ал-Завоҳирӣ узви гурӯҳе буд, ки соли 1998 бо иттиҳоми сӯиқасд зиндонӣ шудааст. Бародари ӯ пас аз қатли Усома бин Лодин аз тарафи нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида дар Покистон дар соли гузашта раҳбарии шабакаи ал-Қоидаро ба зимма гирифт. Додгоҳ ҳамчунин Муҳаммад Исломбулиро, ки бародараш Холид президенти Миср Анвар Содотро дар соли 1981 ба қатл расонд, озод кард.
XS
SM
MD
LG