Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргирии шадид дар як ноҳияи шаҳри Димишқ


Дар пойтахти Сурия шаҳри Димишқ даргирӣ миёни нерӯҳои давлатӣ ва шӯришиён идома дорад. Бино ба гуфтаи фаъолони мухолифи давлат, баъди оғози тазоҳуроти зидди ҳукумати Башшор Асад, раиси ҷумҳури Сурия дар як соли пеш, ин бори аввал аст, ки Димишқ шоҳиди чунин даргириҳои шадид мешавад. Ҳодиса дар ноҳияи Ал- Маззаи Димишқ ба вуқӯъ пайвастааст, ки онҷо чанд таъсисоти амниятӣ ҷойгир шудаанд. Созмони нозири ҳуқуқи башар дар Сурия, ки дар Ландан қароргоҳ дорад, мегӯяд, дар ин даргириҳо 18 сарбози давлат маҷрӯҳ шудаанд. Рӯзе пештар аз ин дар бомбгузориҳо дар шаҳрҳои Димишқ ва Ҳалаб дуввумин шаҳри бузурги Сурия дасти кам 30 нафар кушта шудаанд. Айни замон қарор аст, Ҷейкоб Келленбергер, раиси Кумитаи байналмилалии салиби сурх, бо Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия шеваҳои интиқоли кӯмакҳои башарӣ ба Сурияро баррасӣ кунад.
XS
SM
MD
LG