Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Феҳрасти фӯрушандагони аслии силоҳ дар ҷаҳон


Ҳинд айни ҳол аз харидорони аслии силоҳ дар ҷаҳон будааст ва Амрикову Русия ду фурӯшандаи аслии силоҳ дар курраи Замин. Пажӯҳишгоҳи сулҳи Стокҳолм дар Шветсия дар як гузориши наве гуфтааст, аз соли 2007 то соли 2011 тақрибан даҳ сади тамоми воридоти силоҳи ҷаҳон ба Ҳинд рост омадааст ва ин кишвар аксаран аз Русияву Бритониё ва Исроил аслиҳа ворид кардаааст. Дигар харидорони аслии силоҳ Куриёи Ҷанубӣ, Покистон, Чин ва Сингапур будаанд. Ба гуфтаи пажӯҳишгоҳи сулҳи Стокҳолм, дар ин муддат 30 дар сади аслиҳаи фурӯшии ҷаҳон аз Амрико будааст ва 80 кишвар ҳам аз Иёлоти Муттаҳида аслиҳа харидаанд. Русия ҳамчунон 24 дар сади аслиҳаи фурӯширо дар ҷаҳон тавлид карда ва асосан ба Чин ворид кардааст. Дигар фурӯшандагони аслии силоҳ дар ҷаҳон Олмон ва сипас Фаронса будааст.
XS
SM
MD
LG