Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар даргирие дар Покистон 8 нафар кушта шуд


Мақомоти Покистон мегӯянд, дар даргирие миёни сарбозон ва тундравони мусаллаҳ дар як минтақаи қабиланишин 8 нафар кушта ва 10 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Ба гуфтаи мақомот, шоми якшанбе тундравон ба посгоҳ дар шаҳри Мироншоҳ ҳамла карда ва як сарбозро куштаанд ва чаҳор нафари худро ҳам талаф додаанд. Дар посух ба ин ҳамла, артиши Покистон рӯзи душанбе хонаҳои тундравонро ҳадаф гирифтаанд, ки дар натиҷа се ғайринизомӣ кушта ва чанд тани дигар ҳам маҷрӯҳ шудааст. Манотиқи қабоилнишини Покистон аз паноҳгоҳҳои амни Толибон ва созмонҳои террористии шарики Ал-Қоида аст.
XS
SM
MD
LG