Имрӯз дар нишасти Ҷомеаи Иқтисодии Авруосиё дар Маскав сарони кишварҳои узви он ояндаи ҳамгироии иқтисодӣ дар ин ҳавзаро баррасӣ мекунанд. Бино бар хабари дафтари матбуоти Кремл, дар нишаст сарони Русия, Беларус, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қиризистон ширкат мекунанд. Ҳамчунин раҳбарони Арманистон, Молдова ва Украина дар он ба ҳайси нозир ҳузур хоҳанд дошт. Интизор меравад, дар мулоқоти Маскав шартҳои усулии табдили созмони “ЕврАзЭС” ба як иттиҳоди нав баррасӣ шавад. Инчунин қарор аст, дар ҳамин ҷаласа фаъолияти Кумиссюни иқтисодии Авруосиё ба кор шурӯъ кунад. Дар ҳошияи нишаст раисиҷумҳури Русия, Дмитрий Медведев бо сарони Украина ва Беларус гуфтушунид хоҳад кард.