Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиши мошини бамгузоришуда дар Алеппои Сурия


Бино ба гузоришҳо дар шаҳри Алеппои Сурия рӯзи якшанбе як мошини бамгузоришуда мунфаҷир шудааст. Фаъолон мегӯяд, бамгузорон бинои почтаро дар маҳаллаи Сулаймония ҳадаф қарор додаанд. Дар ин маҳалла аслан масеҳиҳо ба сар мебаранд. Нозирони ҳуқуқи башари Сурия мегӯянд, ки дар ин ҳодиса чанд нафар кушта ва захмӣ шудаанд, вале дар бораи шумораи дақиқ маълумот надодаанд. Матбуоти давлатӣ ҳамчунин дар бораи инфиҷори мошини дигари бамгузоришуда дар маҳаллаи аҳолинишин гузориш додаанд. Як рӯзи пеш дар бамгузории Димишқ 27 нафар кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG