Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

SWIFT бонкҳои Эронро дар инзивоъ қарор медиҳад


ИМА аз тасмими системи байнулмилалии байнибонкии SWIFT барои қатъи хизматрасонӣ ба бонкҳои Эрон, ки дар робита ба сармоягузории барномаи ҳастаии кишвар таҳти таҳримҳои байнулмилалӣ қарор гирифтаанд, истиқбол кард.

Тасмими SWIFT аз рӯзи 17 март татбиқ мешавад ва ҳадафи он - дар инзивои молиявӣ қарор додани Эрон аст. Бо қатъи хизматрасонии ин систем доду гирифт миёни бонкҳои Эрон ва бонкҳои хориҷӣ ғайримумкин мегардад.

Муовини вазири молияи ИМА дар умури кашфи молиявӣ Дэвид Коэн гуфт, ки қарори системи SWIFT баёнгари афзоиши ҳамдилии байнулмилалӣ дар робита ба хатари барномаи ҳастаии Эрон аст.
XS
SM
MD
LG