Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай хостори хуруҷи нируҳои хориҷӣ аз деҳот шуд


Ҳомид Карзайт ва Леон Панетта
Ҳомид Карзайт ва Леон Панетта
Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон аз нируҳои НАТО хостааст, ки деҳоти Афғонистонро тарк кунанд. Ин дар ҳолест, ки як сарбози саркаши амрикоӣ дар ин авохир дар як тирандозии ғазаболуд 16 нафар сокинони як деҳро ба қатл расонд.

Дафтари Ҳомид Карзай ин изҳоротро рӯзи панҷшанбе ба нашр расонд. Карзай ин дархостро дар мулоқот бо Леон Панетта-вазири дифои Амрико дар ҷараёни боздидаш аз Афғонистон матраҳ кард. Раиси ҷумҳури Афғонистон таъкид кард, ки нируҳои байналмиллалӣ аз деҳоти Афғонистон хориҷ шаванд ва дар пойгоҳҳои худ мустақар шаванд.

Рӯзи якшанбеи гузашта як сарбози амрикоӣ дар вилояти Қандаҳор 16 сокини деҳаеро ҳадафи тир қарор дод. Аймал Файзӣ-сухангӯи раиси ҷумҳури Афғонистон ҳамчунин гуфт, Ҳрмид Карзай мехоҳад дар солҳои 2013-2014 контроли амнияти Афғонистон аз нируҳои НАТО дар ихтиёри нируҳои худи Афғонистон бигзарад. Дар ин бора Вашингтон низ барномаҳоеро эълон карда буд.
XS
SM
MD
LG