Фиристодаи СММ ва Лигаи Араб дар Сурия Куфӣ Аннон таъйид кард, ки посухи режими Башор Асад ба пешниҳодҳои “мушаххас”-аш ба Димишқ дар мавриди роҳҳои хатми буҳрони ин кишварро дарёфт кардааст. Сухангӯи Аннон гуфт, ӯ роҷеъ ба посухҳои Асад “суолҳое дорад ва ба онҳо ҷавоб меҷӯяд.” Бо ин ҳол, вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров имрӯз Асадро барои “таъхири бузург” дар амри татбиқи ислоҳот интиқод кард. Лавров гуфт, сиёсати зиддунақизи Маскав дифоъ аз режими Асадро ба ҳадаф надорад. Аммо Лавров бо тағйири андаки дидгоҳи Маскав афзуд, ки дар хушунатҳои Сурия ҳам ҷангиёни мухолифин ва ҳам нирӯҳои давлатӣ даст доранд.