Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҳамла ба масҷид дар Брюссел имом ба ҳалокат расид


Бар асари сӯхтор дар як масҷиди канори шаҳри Брюссел имоми он ба ҳалокат расид ва як нафари дигар ба бемористон интиқол ёфт.

Ба иттилои полиси Белгия, имоми масҷид аз дуд нафасгир шудааст. Расонаҳои Брюссел навиштаанд, ки як шахси ношинос тирезаи масҷидро шикаста ба дохили он шиша бо маводи сӯзандаро андохтааст. Бинои масҷид аз оташсӯзӣ осеб дид. Полис хабар дод, ки як нафари гумонбар дар оташ задани масҷид боздошт шудааст.
XS
SM
MD
LG