Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манъи сафар ба раҳбарони мухолифони Беларус


Александр Цишчанка-сухангӯи Кумитаи давлатии марзбонии Беларус таъйид кард, ки бар зидди чанд нафар аз фаъолони мухолифон ва баъзе сиёсатмадорон манъи сафар ба хориҷ эълон шудааст. Вай рӯзи душанбе ба рӯзноманигорон гуфт, ҳамаи ононе, ки ҳафтаи гузашта натавонистаанд ба хориҷ аз кишвар сафар кунанд, метавонанд дар ин бора дар вазорати корҳои хориҷа маълумот гиранд. 1 марти соли ҷорӣ додситони кулли Беларус гуфт, касоне, ки аз таҳримҳои хориҷии зидди Беларус ҳимоят кардаанд, барои сафар ба хориҷа иҷоза нахоҳанд дошт. Ба се раҳбари мухолифон Анатол Лябедзка, Александр Доброволский ва Виктор Корниенко аз 7 то 11 март иҷоза дода нашудааст, ки аз марзи миёни Беларус ва Литва бигзаранд.
XS
SM
MD
LG